Al-Infitar

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Он гоҳ, ки осмон бишикофад إِذَا السَّمَاء انفَطَرَتْ
2 ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд وَإِذَا الْكَوَاكِبُ انتَثَرَتْ
3 ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд وَإِذَا الْبِحَارُ فُجِّرَتْ
4 ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид, وَإِذَا الْقُبُورُ بُعْثِرَتْ
5 ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст. عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ وَأَخَّرَتْ
6 Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст). يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ الْكَرِيمِ
7 Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард. الَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّاكَ فَعَدَلَكَ
8 Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод). فِي أَيِّ صُورَةٍ مَّا شَاء رَكَّبَكَ
9 Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед. كَلَّا بَلْ تُكَذِّبُونَ بِالدِّينِ
10 Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд: وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَ
11 котибоне бузургвор كِرَامًا كَاتِبِينَ
12 медонанд, ки шумо чӣ мекунед. يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ
13 Албатта некӯкорон дар неъматанд إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ
14 ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам! وَإِنَّ الْفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٍ
15 Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд يَصْلَوْنَهَا يَوْمَ الدِّينِ
16 ва аз он ғоиб нашаванд وَمَا هُمْ عَنْهَا بِغَائِبِينَ
17 Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист? وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الدِّينِ
18 Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист? ثُمَّ مَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الدِّينِ
19 Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад. يَوْمَ لَا تَمْلِكُ نَفْسٌ لِّنَفْسٍ شَيْئًا وَالْأَمْرُ يَوْمَئِذٍ لِلَّهِ
;