Al-A'la

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى
2 он ки офарид ва дурустандом кард, الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى
3 Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى
4 Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид, وَالَّذِي أَخْرَجَ الْمَرْعَى
5 сипас хушку сиёҳ гардонид. فَجَعَلَهُ غُثَاء أَحْوَى
6 Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ. سَنُقْرِؤُكَ فَلَا تَنسَى
7 ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад. إِلَّا مَا شَاء اللَّهُ إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ وَمَا يَخْفَى
8 Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем. وَنُيَسِّرُكَ لِلْيُسْرَى
9 Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ. فَذَكِّرْ إِن نَّفَعَتِ الذِّكْرَى
10 Он ки метарсад, панд мегирад. سَيَذَّكَّرُ مَن يَخْشَى
11 Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад, وَيَتَجَنَّبُهَا الْأَشْقَى
12 он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад الَّذِي يَصْلَى النَّارَ الْكُبْرَى
13 ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад. ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيَى
14 Албатта покон наҷот ёфтанд, قَدْ أَفْلَحَ مَن تَزَكَّى
15 онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд. وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّى
16 Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед, بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
17 ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст. وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَى
18 Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст, إِنَّ هَذَا لَفِي الصُّحُفِ الْأُولَى
19 саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо! صُحُفِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى
;