An-Nazi'at

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд وَالنَّازِعَاتِ غَرْقًا
2 ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд وَالنَّاشِطَاتِ نَشْطًا
3 ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд وَالسَّابِحَاتِ سَبْحًا
4 ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон) فَالسَّابِقَاتِ سَبْقًا
5 ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд, فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا
6 ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад يَوْمَ تَرْجُفُ الرَّاجِفَةُ
7 ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, تَتْبَعُهَا الرَّادِفَةُ
8 дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд قُلُوبٌ يَوْمَئِذٍ وَاجِفَةٌ
9 ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён! أَبْصَارُهَا خَاشِعَةٌ
10 Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем, يَقُولُونَ أَئِنَّا لَمَرْدُودُونَ فِي الْحَافِرَةِ
11 он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?» أَئِذَا كُنَّا عِظَامًا نَّخِرَةً
12 Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар! قَالُوا تِلْكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ
13 Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд. فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ
14 ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт. فَإِذَا هُم بِالسَّاهِرَةِ
15 Оё достони Мӯсо ба ту расидааст? هَلْ أتَاكَ حَدِيثُ مُوسَى
16 Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод: إِذْ نَادَاهُ رَبُّهُ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى
17 «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст. اذْهَبْ إِلَى فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَى
18 Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ, فَقُلْ هَل لَّكَ إِلَى أَن تَزَكَّى
19 ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?» وَأَهْدِيَكَ إِلَى رَبِّكَ فَتَخْشَى
20 Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод. فَأَرَاهُ الْآيَةَ الْكُبْرَى
21 Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард. فَكَذَّبَ وَعَصَى
22 Сипас пушт гардонду мешитофт. ثُمَّ أَدْبَرَ يَسْعَى
23 Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод. فَحَشَرَ فَنَادَى
24 ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!» فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَى
25 Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард. فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكَالَ الْآخِرَةِ وَالْأُولَى
26 Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад! إِنَّ فِي ذَلِكَ لَعِبْرَةً لِّمَن يَخْشَى
27 Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст? أَأَنتُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَمِ السَّمَاء بَنَاهَا
28 Сақфашро барафрошт ва дуруст кард, رَفَعَ سَمْكَهَا فَسَوَّاهَا
29 шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт وَأَغْطَشَ لَيْلَهَا وَأَخْرَجَ ضُحَاهَا
30 ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард) وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَلِكَ دَحَاهَا
31 ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард أَخْرَجَ مِنْهَا مَاءهَا وَمَرْعَاهَا
32 ва кӯҳҳоро устувор гардонид وَالْجِبَالَ أَرْسَاهَا
33 барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон. مَتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ
34 Чун он ҳодисаи бузург даррасад, فَإِذَا جَاءتِ الطَّامَّةُ الْكُبْرَى
35 рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад يَوْمَ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ مَا سَعَى
36 ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд, وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِمَن يَرَى
37 Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён) فَأَمَّا مَن طَغَى
38 ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад, وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
39 ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст. فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَى
40 Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад, وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَى
41 биҳишт ҷойгоҳи ӯст. فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَى
42 Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад. يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا
43 Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст? فِيمَ أَنتَ مِن ذِكْرَاهَا
44 Интиҳои илми он назди Парвардигори туст. إِلَى رَبِّكَ مُنتَهَاهَا
45 Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ. إِنَّمَا أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخْشَاهَا
46 Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд. كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَهَا لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا عَشِيَّةً أَوْ ضُحَاهَا
;