Abasa

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Рӯйро турш кард ва сар баргардонид, عَبَسَ وَتَوَلَّى
2 чун он нобино ба наздаш омад, أَن جَاءهُ الْأَعْمَى
3 Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад, وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّهُ يَزَّكَّى
4 ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад. أَوْ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ الذِّكْرَى
5 Аммо он ки ӯ тавонгар аст, أَمَّا مَنِ اسْتَغْنَى
6 ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ فَأَنتَ لَهُ تَصَدَّى
7 ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест. وَمَا عَلَيْكَ أَلَّا يَزَّكَّى
8 Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд وَأَمَّا مَن جَاءكَ يَسْعَى
9 ва метарсад, (аз худо). وَهُوَ يَخْشَى
10 ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ. فَأَنتَ عَنْهُ تَلَهَّى
11 Оре, ин Қуръон пандест, كَلَّا إِنَّهَا تَذْكِرَةٌ
12 пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад. فَمَن شَاء ذَكَرَهُ
13 Дар саҳифаҳое гиромӣ. فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ
14 баландқадру покиза, مَّرْفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةٍ
15 ба дасти котибоне, بِأَيْدِي سَفَرَةٍ
16 бузургвору некӯкор. كِرَامٍ بَرَرَةٍ
17 Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст! قُتِلَ الْإِنسَانُ مَا أَكْفَرَهُ
18 Ӯро аз чӣ офаридааст? مِنْ أَيِّ شَيْءٍ خَلَقَهُ
19 Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард, مِن نُّطْفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ
20 сипас роҳашро осон сохт. ثُمَّ السَّبِيلَ يَسَّرَهُ
21 Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард. ثُمَّ أَمَاتَهُ فَأَقْبَرَهُ
22 Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад. ثُمَّ إِذَا شَاء أَنشَرَهُ
23 На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст. كَلَّا لَمَّا يَقْضِ مَا أَمَرَهُ
24 Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ إِلَى طَعَامِهِ
25 Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ أَنَّا صَبَبْنَا الْمَاء صَبًّا
26 ва заминро шикофтем, шикофтанӣ ثُمَّ شَقَقْنَا الْأَرْضَ شَقًّا
27 ва дар он донаҳо рӯёнидем فَأَنبَتْنَا فِيهَا حَبًّا
28 ва току сабзавот وَعِنَبًا وَقَضْبًا
29 ва зайтуну нахл (дарахти хурмо) وَزَيْتُونًا وَنَخْلًا
30 ва боғҳои пурдарахт وَحَدَائِقَ غُلْبًا
31 ва меваву алаф, وَفَاكِهَةً وَأَبًّا
32 то шумову чорпоёнатон баҳра баред, مَّتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ
33 Чун бонги қиёмат барояд, فَإِذَا جَاءتِ الصَّاخَّةُ
34 рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ
35 ва аз модарашу падараш وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ
36 ва аз занашу фарзандонаш. وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ
37 Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад. لِكُلِّ امْرِئٍ مِّنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ
38 Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд, وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ مُّسْفِرَةٌ
39 хандонанду шодонанд. ضَاحِكَةٌ مُّسْتَبْشِرَةٌ
40 Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд, وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ عَلَيْهَا غَبَرَةٌ
41 дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд. تَرْهَقُهَا قَتَرَةٌ
42 Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон). أُوْلَئِكَ هُمُ الْكَفَرَةُ الْفَجَرَةُ
;