At-Takwir

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ
2 ва чун ситорагон фурӯ резанд وَإِذَا النُّجُومُ انكَدَرَتْ
3 ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд وَإِذَا الْجِبَالُ سُيِّرَتْ
4 ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд وَإِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ
5 ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд, وَإِذَا الْوُحُوشُ حُشِرَتْ
6 ва чун дарёҳо оташ гиранд وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ
7 ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд! وَإِذَا النُّفُوسُ زُوِّجَتْ
8 ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки وَإِذَا الْمَوْؤُودَةُ سُئِلَتْ
9 ба чӣ гуноҳе кушта шудааст بِأَيِّ ذَنبٍ قُتِلَتْ
10 ва чун саҳифаҳо боз шаванд, وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ
11 ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад' وَإِذَا السَّمَاء كُشِطَتْ
12 ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад وَإِذَا الْجَحِيمُ سُعِّرَتْ
13 ва чун биҳиштро пеш оваранд, وَإِذَا الْجَنَّةُ أُزْلِفَتْ
14 ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст. عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا أَحْضَرَتْ
15 Савганд ба ситорагони бозгарданда, فَلَا أُقْسِمُ بِالْخُنَّسِ
16 сайркунандаи ғойбшаванда الْجَوَارِ الْكُنَّسِ
17 ва савганд ба шаб, чун торик шавад وَاللَّيْلِ إِذَا عَسْعَسَ
18 ва савганд ба субҳ чун бидамад, وَالصُّبْحِ إِذَا تَنَفَّسَ
19 ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст, إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ
20 нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي الْعَرْشِ مَكِينٍ
21 он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст مُطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ
22 Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест. وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجْنُونٍ
23 Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст وَلَقَدْ رَآهُ بِالْأُفُقِ الْمُبِينِ
24 Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад. وَمَا هُوَ عَلَى الْغَيْبِ بِضَنِينٍ
25 Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест. وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَيْطَانٍ رَجِيمٍ
26 Пас ба куҷо меравед? فَأَيْنَ تَذْهَبُونَ
27 Ин китоб пандест барои ҷаҳониён, إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ
28 барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад. لِمَن شَاء مِنكُمْ أَن يَسْتَقِيمَ
29 Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад. وَمَا تَشَاؤُونَ إِلَّا أَن يَشَاء اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ
;