Al-Buruj

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост وَالسَّمَاء ذَاتِ الْبُرُوجِ
2 ва қасам ба рӯзи мавъуд وَالْيَوْمِ الْمَوْعُودِ
3 ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд, وَشَاهِدٍ وَمَشْهُودٍ
4 ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд. قُتِلَ أَصْحَابُ الْأُخْدُودِ
5 Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо النَّارِ ذَاتِ الْوَقُودِ
6 он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд إِذْ هُمْ عَلَيْهَا قُعُودٌ
7 ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд. وَهُمْ عَلَى مَا يَفْعَلُونَ بِالْمُؤْمِنِينَ شُهُودٌ
8 Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд, وَمَا نَقَمُوا مِنْهُمْ إِلَّا أَن يُؤْمِنُوا بِاللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ
9 он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст. الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاللَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ
10 Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост. إِنَّ الَّذِينَ فَتَنُوا الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ ثُمَّ لَمْ يَتُوبُوا فَلَهُمْ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمْ
11 Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест! إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْكَبِيرُ
12 Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст. إِنَّ بَطْشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ
13 Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад. إِنَّهُ هُوَ يُبْدِئُ وَيُعِيدُ
14 Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст. وَهُوَ الْغَفُورُ الْوَدُودُ
15 Ӯст соҳиби арши бузург. ذُو الْعَرْشِ الْمَجِيدُ
16 Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад. فَعَّالٌ لِّمَا يُرِيدُ
17 Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ? هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ الْجُنُودِ
18 Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, فِرْعَوْنَ وَثَمُودَ
19 Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд; بَلِ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي تَكْذِيبٍ
20 ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад. وَاللَّهُ مِن وَرَائِهِم مُّحِيطٌ
21 Бале, ин Қуръони маҷид аст بَلْ هُوَ قُرْآنٌ مَّجِيدٌ
22 дар лавҳи маҳфуз! فِي لَوْحٍ مَّحْفُوظٍ
;