At-Tariq

Change Language
Change Surah
Change Recitation

Tajik: AbdolMohammad Ayati

Play All
# Translation Ayah
1 Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд! وَالسَّمَاء وَالطَّارِقِ
2 Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист? وَمَا أَدْرَاكَ مَا الطَّارِقُ
3 Ситораест дурахшанда. النَّجْمُ الثَّاقِبُ
4 Ҳеҷ кас нест, кӣ бар ӯ нигаҳбоне набошад. إِن كُلُّ نَفْسٍ لَّمَّا عَلَيْهَا حَافِظٌ
5 Пас одамӣ бингарад, ки аз чӣ чиз офариша шудааст. فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ مِمَّ خُلِقَ
6 Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст, خُلِقَ مِن مَّاء دَافِقٍ
7 ки аз миёни пушту сина берун меояд. يَخْرُجُ مِن بَيْنِ الصُّلْبِ وَالتَّرَائِبِ
8 Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност, إِنَّهُ عَلَى رَجْعِهِ لَقَادِرٌ
9 рӯзе, ки розҳо (сирҳо) ошкор мешаванд. يَوْمَ تُبْلَى السَّرَائِرُ
10 Ӯро на қувватест, ва на ёваре. فَمَا لَهُ مِن قُوَّةٍ وَلَا نَاصِرٍ
11 Қасам ба осмони бозборанда! وَالسَّمَاء ذَاتِ الرَّجْعِ
12 Қасам ба замини руёни шикофхӯрда, (барои гиёҳ) وَالْأَرْضِ ذَاتِ الصَّدْعِ
13 ки ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад, إِنَّهُ لَقَوْلٌ فَصْلٌ
14 ва сухани ҳазл нест! وَمَا هُوَ بِالْهَزْلِ
15 Онон ҳилае меандешанд إِنَّهُمْ يَكِيدُونَ كَيْدًا
16 ва Ман ҳам ҳилае меандешам. وَأَكِيدُ كَيْدًا
17 Пас кофиронро мӯҳлат деҳ андак мӯҳлаташон деҳ! فَمَهِّلِ الْكَافِرِينَ أَمْهِلْهُمْ رُوَيْدًا
;